ЗАНОН ВА РУШДИ ИЛМИ МУОСИР

0 3

    Санаи 16 феврали соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» бахшида ба 11 феврал — Рӯзи умумиҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм доир гардид. Дар кори конференсия муовини раиси шаҳри Кӯлоб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Даминзода Арафамо Искандар; Иззатова Муҳаббат Иноятовна — доктори илмҳои педагогӣ, профессор; Ашурова Нодира Ҷумаевна — доктори илмҳои филологӣ, профессор; Худойдодова Шарофат Зардовна — номзади илмҳои педагогӣ, дотсент намояндагони раёсат ва омӯзгорони коллеҷ иштирок намуданд.

         Конференсияро ҷонишини директори коллеҷ оид илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Ќумринисо Нуралӣ оѓоз намуда, ќайд намуданд, ки замони соҳибистиқлолии мамлакат ба зан-модари тоҷик имкон дод, ки бо ғояву афкорҳои созанда, нидои ростиву ҳақиқат, дастони пурҳунару санъат, иқдомҳои неку пойдор нақши арзишманд дар ҳама соҳаҳо, паҳлуи мардон бо ҷасорату матонати ба худ хос дар бунёди давлати муосири тоҷик ҳиссагузор бошад.

        Сипас муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо Искандар ба сухан баромада, иброз доштанд, ки Пешвои миллат пайваста зимни суханрониҳои худ ба масъалаи дастгирӣ ва фаъолнокии занон, эҳтиром ва таваҷҷӯҳи хосса доранд. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки имрӯз дар мамлакат нақши занон сол аз сол дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ боризтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ фаъолтар мегардад.

     Дар конференсия меҳмонон ва омӯзгорзанони коллеҷ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво доир ба мавзӯи нақши зан дар рушди илми муосири тоҷик баромад намуда, нақши занро дар рушди ҷомеаи имрӯза ва пойдории давлати соҳибистиқлолу боамон гарон арзёбӣ намуданд.

    Дар анҷоми кори конференсия ба омӯзгорони дар ҷодаи илм нақши муҳим гузошта ва олимони ҷавон сипосномаҳои роҳбарияти муассиса тақдим карда шуд.

Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ — ҷонишини директори коллеҷ оид илм ва муносибатҳои байналмилалӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.