БАРРАСИИ МАВЗӮИ МУҲИМ ДАР МАШҒУЛИЯТИ КУШОД

0 2

     Дар кафедраи тибби оилавӣ аз тарафи омӯзгор Хоҷаева Рухшона дарси кушод доир ба мавзӯи “Шаклҳо ва услубҳои пешгирии бемориҳо” аз фанни кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ ташкилу баргузор карда шуд. Дар машғулият услубҳои пешбурди корҳои санитарию маърифатӣ дар оилаҳо оид ба пешгирии бемориҳои бештар паҳнгашта мавриди омӯзиш қарор дода шуданд. Ба донишҷӯён услубҳои пешгирии аввалин, дуюмин ва сеюминдараҷа фаҳмонида шуд. Қайд карда шуд, ки барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ оид ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳо бештар аз услубҳои муосир, аз ҷумла пешниҳоди маълумотномаҳо бо забони модарӣ, тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ, истифодаи видеороликҳо ва намоиши презентатсияҳои иллюстратсионӣ (тасвирӣ), истифодаи васоити ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион, ҳамчунин шабакаи интернетӣ васеъ истифода намудан мумкин аст.

                   Мудири кафедраи тибби оилавӣ  Бозорова С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.