ОЗМУНИ КАДБОНУИ БЕҲТАРИН

0 16

     Санаи 14-уми феврали соли 2024 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии ш.Кӯлоб дар доираи тадбиқи сиёсати давлатии занон озмуни “Кадбонуи беҳтарин” байни донишҷӯдухтарони коллеҷ ташкилу баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ш.Кӯлоб Даминзода Арафамо, шоира Хосият Вализода ва раиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ш. Кӯлоб Саймуминзода Майрамбӣ иштирок доштанд. Шартҳои озмун, ки аз намоиши сару либоси миллӣ, омода намудани як намуди таоми миллӣ, омода намудани хӯриш, иҷрои рақсу таронаҳои тоҷикӣ, ороиши арус вобаста ба хусусиятҳои минтақавӣ, чакандӯзӣ ва ороиши дастархон иборат буд аз тарафи иштирокчиён хеле моҳирона ва дар сатҳи баланд иҷро карда шуд ва аз тарафи меҳмонон хеле олӣ баҳогузорӣ карда шуд.

       Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани озмуни кадбонуи беҳтарин ҷалб намудани занону духтарон ба ҳунармандӣ, эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустаъқилона, парвариши эҳсоси худшиносӣ ва меҳанпарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигаҳдошти суннатҳои миллии ниёгонамон мебошад.

         Дар охири чорабинӣ аз тарафи меҳмонон ба фаъолони чорабинӣ сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтзода Г.Ҳ.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.