ИСТИФОДАИ УСЛУБҲОИ БАЙНАЛФАЪОЛИ ТАЪЛИМ — РОҲИ САМАРАНОКИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАҲСИЛ 0 9 Мубодила кардан Санаи 5 уми феврали соли ҷорӣ дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» дарси кушод аз фанни Риёзӣ доир ба мавзӯи «Графикаи функсияи квадратӣ» аз тарафи омӯзгори кафедраи «Асосҳои информатика ва фанҳои табиию риёзӣ» Хоҷаев Давлат бо иштироки донишҷӯёни бахши якуми факултети кори фарматсевтӣ ташкилу баргузор гардид. Машғулият дар яке аз синфхонаи таълимии фанни риёзӣ, ки бо воситаҳои айёнӣ барои иҷрои дастамалҳои амалӣ муҷаҳҳаз мебошад баргузор гардид. Дар машғулият услубҳои байналфаъол истифода гардида, донишҷӯён дар он донишу маҳорати хуб нишон доданд. Дар машғулият омӯзгорони ҷавон ва бахши таълими коллеҷ иштирок доштанд ва ба сатҳи ташкилу баргузории он баҳои хуб доданд. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 9 Мубодила кардан