ГИЁҲҲОИ ШИФОБАХШИ ВАТАНРО БИОМӮЗЕМ

0 12

     Саннаи 07 декабри соли 2023 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети кори фарматсевтӣ конфронси таълимӣ доир ба мавзӯи “Гиёҳҳои шифобахши ватанро биомӯзем” ташкилу баргузор карда шуд. Дар конфронс омӯзгорон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳо доир ба хусусиятҳои табобатӣ, мавсим ва технологияи ҷамъоварӣ ва коркарди як қатор гиёҳҳои шифобахше, ки дар Тоҷикистон мерӯянд баромад намуданд. Ҳангоми конфронс ба донишҷӯён гиёҳҳои шифобахши ҷамъовардашуда намоиш дода шуда, техникаи коркард ва истифодаи онҳо амалан иҷро карда шуданд. Дар фарҷоми озмун бо иштирокчиёни фаъол аз тарафи маъмурияти муассиса ифтихорнома таќдим карда шуд.

Мудири кафедраи фарматсия   Сорбони А.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.