ВИКТОРИНАИ ҲАМАДОН

0 3

      Санаи 12 декабри соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи тибби ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз тарафи кафедраи “Асосхои кори ҳамширагӣ” викторина зери унвони ҳамадон ташкилу баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ донишҷӯёни факултетҳои кори табобатӣ, кори момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ иштирок доштанд, ки байни онҳо рақобат баргузор гардид. Ба иштирокчиён аз тарафи ҳакамон саволҳои тахассусӣ ва иҷрои малакаҳои амалии касбӣ пешниҳод карда шуд. Донишҷӯёне, ки ба саволҳо ҷавобҳои дуруст доданд ва малакаҳои амалиро дар сатҳи хуб иҷро намуданд сипосномаи роҳбарияти коллеҷ тақдим карда шуд.

Мудири кафедраи кори ҳамширагӣ  Аҳтамова С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.