РАВАНДИ МАШҒУЛИЯТҲО ДАР МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ МАЛАКАҲОИ АМАЛИИ ҲАМШИРАГӢ 0 53 Мубодила кардан Саннаи 11 декабри соли 2023 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» дарси кушод аз фанни «Асосҳои кори ҳамширагӣ» доир ба мавзӯи «Тазриқҳо» аз тарафи омӯзгори кафедраи «Кори ҳамширагӣ» Одинаева Гулнора бо иштироки донишҷӯёни бахши якуми факултети кори табобатӣ ташкилу баргузор карда шуд. Мақсади гузаронидани дарси кушод баланд бардоштани дониши назариявӣ ва маҳорати касбии донишҷӯён мебошад. Машғулият дар яке аз кабинетҳои таълимии маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, ки бо таҷҳизоти зарурӣ барои иҷрои дастамалҳои амалӣ муҷаҳҳаз мебошад ташкилу баргузор гардид. Машғулият бо риояи унсурҳои муосири методӣ ва бо истифода аз услубҳои байналфаъол ташкилу баргузор гардид. Донишҷӯён дар давоми дарс донишу маҳорати касбии хуб нишон доданд. Ташкилу ҷараёни машғулият аз тарафи аъзоёни роҳбарияти муассиса ва омӯзгорони дигар кафедраҳо хуб арзёбӣ карда шуд. Мудири кафедраи “Асосҳои кори ҳамширагӣ” Аҳтамова С. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 53 Мубодила кардан