ОЗМУНИ БЕҲТАРИН ҲАМШИРАИ ШУЪБАИ ТЕРАПИЯ

0 2

       Саннаи 06 декабри соли 2023 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» озмуни «Беҳтарин ҳамшираи шуъбаи терапия» бахшида ба 29-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз тарафи омӯзгорони кафедраи «Терапия» бо иштироки донишҷӯёни бахши дуюми факултети кори табобатӣ ташкилу баргузор карда шуд. Дар ин озмун донишҷӯён ба ду гурӯҳ тақсим шуда байни худ рақобат намуданд. Шартҳои озмун аз саволу ҷавоб пур кардани скандворд ва иҷроиши малакаҳои амалӣ иборат буданд, ки аз тарафи донишҷӯён хуб иҷро карда шуданд. Дар фарҷоми озмун бо иштирокчиёни фаъол аз тарафи маъмурияти муассиса ифтихорнома тақдим карда шуд.

Мудири кафедраи Терапия                Эмомова С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.