ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ

0 15

     Санаи 2 ноябри соли 2023 бо ташаббуси бахшҳои ҷавонон, занон ва духтарон, иттифоқи касабаи донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем” ташкилу баргузор гардид.

   Ҳар як миллат соҳиби таърих, забон, фарҳанги миллӣ, арзишҳо ва муқаддасоти худ мебошад, ки дар арсаи байналмилалӣ бо ин нишонаҳо муаррифӣ карда мешавад. Дар радифи ин арзишҳо либоси миллӣ низ муаррификунанда ва баёнгари фарҳанги миллии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Бояд зикр намуд, ки ба арсаи чаҳонӣ баровардани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, либоси зебои миллӣ – атласу адрас ва чакан, ҳамчун сарвати нодир ва бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик бо шарофати сиёсати хирадмандона ва табъу завқи баланд, оянданигарии поянда ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Либоси миллӣ, хусусан, чакану чаканпӯшӣ ҳамчун рамзи ифодагари фарҳанги миллӣ таърихи куҳан дошта, имрӯз низ бонувони тоҷик онро бо ифтихору қаноатмандӣ бо нигораҳои хоси тоҷикӣ медӯзанду мепӯшанд. Пӯшидани либоси миллӣ ин пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои аҷдодӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастиро баён мекунад. Арзишҳо ва фарҳангҳо тавре маълум аст, бо мурури замон аз насл ба насл ҳифз шуда омадаанд ва гузаштагони миллати мо кӯшидаанд, то фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти миллии мо пойбарҷо боқӣ монад. Зикр кардан ба маврид аст, ки халқи тоҷик ҳамчун ҷузъи ҷомеаи башарӣ, миллати соҳибтамаддун, соҳибдавлат ва озоду мустақил буда, дорои фарҳанги миллии худ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, яъне ба ҳам наздикшавии фарҳангҳои гуногуни олам қарор дорем. Албатта, дар раванди ҷаҳонишавӣ – ба ҳам омадани тамаддунҳо мо аз ҳарвақта дида, бештар ба тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, хусусан, либоси миллӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Мо бояд либоси миллии хешро бо тарҳу намуди нав ба бар намуда, ба дигар халқу миллатҳо нишон диҳем, ки фарҳанги миллии мо бо мурури замон аз насл ба насл гузаштаву ҳифз шуда истодааст. Имрӯз дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

         Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ба шумор рафта, фарҳанги қадимаи либоси худро доро мебошад. Фарҳанги либоспӯшӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои миллӣ ба шумор меравад ва таъсири ҳар гуна омилҳои беруна метавонад ба он таъсири манфӣ расонад.        Гуфтан ба маврид ҳаст, ки бо мақсади пешгирии шомилшавии фарҳанги бегона дар байни духтарону занони тоҷик бо қарори мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расонида шудааст.

         Мақсад аз ташкили чунин чорабинӣ тарғиби либосҳои миллӣ ва эҳтиром ба фарҳанги либоспӯшии занону духтарони тоҷик мебошад. Духтарон бо либосҳои миллӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб қадам зада ба занону духтарон маълумотномаи иттилоотиро оид ба таъриху фарҳанги либоси миллии тоҷикона ва эҳтирому ҳифзи он ҳамчун яке аз арзишҳои пурқиммати миллӣ тақсим намуданд. Боварии комил дорем, ки занону духтарони тоҷик ба либосҳои миллии тоҷикона, аз ҷумла чакану атлас ва дигар либосҳо эҳтироми хосса ба ҷо оварда, аз тақлиду либосҳои фарҳанги бегона даст мекашанд.

 Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтова Г.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.