ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

0 2

    Давоми рӯзҳои 25-28 сентябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” вохӯриҳо бо омӯзгорону донишҷӯёни бахши аввал ташкилу баргузор карда шуданд. Мақсад аз ташкили ин вохӯриҳо бо донишҷӯён сӯҳбат намудан атрофи масъалаҳои таълиму тарбия буд. Дар вохӯриҳо роҳбарияти коллеҷ, аз ҷумла ҷонишинони директор, деканони факултетҳо, раиси иттифоқи касаба ва бахши кор бо ҷавонон иштирок доштанд. Дар ҷаласа ҳамчунин нозири калони ГОПХНЧ КМ РВКД дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, майори милитсия Бобохонзода Ситора Хол иштирок намуда, доир ба мавзӯъи  «Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, таъсири ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ» суханронӣ намуд.

        Ҳамчунин дар ҷаласа муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтова Г.Ҳ. суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ваҳдату осоиштагӣ ва сулҳу амонӣ зиндагӣ мекунанд. Аммо мо бояд фаромуш насозем, ки ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешаванд, имрӯзҳо ба сулҳу осоиштагии давлати мо таҳдид менамоянд. Як қатор гуруҳҳои тундрав намехоҳанд, ки дар давлати мо сулҳу осоиштагӣ пойдор бошад ва онҳо ба ҳар роҳ кӯшиш карда истодаанд, ки дар байни мардум кинаю адоватро андохта, боз мардумро ба гирдиҳамоию  ҷангу хархаша андозанд. Чи тавре, ки Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Вааҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон қайд менамоянд — мардуми шарифи тоҷик таҷрибаи  рӯзҳои нангинро солҳои 90 – ум аз сар гузаронида буд. Ҷанги таҳмили ва бародаркуш ба сари мардуми азизи кишвари мо душвориҳои зиёде овард. Аз ин рӯ мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишварамон бирасем ва барои рушди минбаъдаи он ҳамагӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.

         Мардуми азизи кишвар, бахусус ҷавонон, ки ояндаи миллатанд бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба омӯзиши илму дониш вақти худро сарфа намоянд, касб омӯзанд то бо ҳунару касби хеш дар рушду нумӯи кишвар саҳмгузор бошанд.

         Дар ҷаласа деканони факултет низ суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои тартиботи дохили муассиса, тартиби таҳсил, хориҷу барқарор, риояи либосҳои тавсиявӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо суханронӣ намуданд.

Ҷонишини директор оид ба

корҳои тарбиявӣ           Хушвахтова Г.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.