ИСТИҚБОЛ АЗ РӮЗИ ДОНИШ ВА БАҲРАБАРДОРӢ АЗ ДАРСИ СУЛҲ

0 30

      Санаи 1-уми сентябри соли 2023 омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Рӯзи донишро бо хушнудии хосса пешвоз гирифтанд. Саҳни коллеҷ ва толороҳои дарсӣ, ки омода карда шуда буданд дар онҳо ҳайати омӯзгорону донишҷӯён дарси сулҳро бо иштироки Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бинои навбунёди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.

      Дасутуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат зимни дарси сулҳ ба омӯзгорон ва ҷавонон, аз ҷумла оид ба беҳтару хубтар таҳсил намудан, пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, беҳтар намудани сифати китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон, худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон пешниҳод намуданд албатта сармашқи кори ҳар як омӯзгору донишҷӯ хоҳад гашт. Ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардида, минбаъд низ барои беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ кӯшиш хоҳанд намуд.

     Дар ҷамъомад, бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Ташрифзода Мунавваршо Саттор иштирок ва суханронӣ намуда, табрикоти Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба омӯзгорону донишҷўён расониданд.

     Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳбари муассиса доктори илмҳои тиб муҳтарам Азиззода Зубайдулло Абдулло суханронӣ намуда, тамоми ҳайати омӯзгорону донишҷӯёнро бо Рӯзи дониш табрик намуда, ба онҳо сиҳатию саломатӣ ва муваффақиятҳои беназир орзӯ намуд. Ҳамчунин сипоси бепоёни худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб баён намуд.

Маҳмудзода Қ.Н.

Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.