ҶАШНИ ВОРИСОНИ СИНО, МУБОРАК!

0 10

          Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

   Дар ҳақиқат, Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолият ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилиҳои ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонида истодааст.

       Ёдовар бояд шуд, ки ҳамасола 18 август Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва солгарди бузургтарин чеҳраи илми Шарқ Абуалӣ Ибни Сино, ки яке аз поягузорони илми тиб ба шумор меравад, таҷлил карда мешавад.

    Дар муддати 30 соли Истиқлолият ҳайати табибону омӯзгорони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аз ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат борҳо баҳравар гардидааем. Бахусус, дар солҳои нахустини Президенти кишвар интихоб шуданашон соли 1996 Омӯзишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Кӯлобро ба Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб табдил додаанд, ки ин албатта, барои баланд бардоштани мавқеи муассиса ва табибони коллеҷ мусоидат намудааст. Ва дар соли 2020 ба коллеҷ номи яке аз олимони соҳаи тиб, доктори илмҳои тиб профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз гузошта шуд.

    Инчунин, 5 октябри соли 2015 ҳангоми сафари корӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб дар коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб барои сохтумони хобгоҳи 9 ошёна барои 700 нафар донишҷӯён санги асос гузоштанд, ки ин яке аз ғамхориҳои навбатии Пешвои миллат нисбати коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, табибон ва мутахассисони миёнаи тиббӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин ҳамон рӯз бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯён вохӯрии судманду хотирмоне анҷом доданд, ки ин эҳтироми хоссаи Пешвои миллат ба табибон мебошад.

      Раёсати МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”, тамоми кормандони соҳаи тандурустии кишварро ба муносибати ҷашни касбӣ табрик намуда, умед бар он дорем, ки ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳимояи сиҳатии шаҳрвандони кишварамон ҳамаи саъю талоши худро равона менамоянд.

    Ба ҳамаи Шумо, дар ин кори заҳматталаб вале пуршараф барору комёбӣ ва саломатии бардавомро орзу менамоем.

      Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб
ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.