Имконияти дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ баъди хатми коллеҷҳо тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0 62

Тибқи барномаи омӯзишие, ки аз тарафи кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд, дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ҷамъомади омӯзишӣ бо хатмкунандагони муассиса баргузор гардид. Дар ҷамъомад ба донишҷӯён тартиби бақайдгирӣ ва иштирок дар имтиҳонҳои қабул ба муассисаҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ фаҳмонида шуд. Муайян карда шуд, ки як қатор хатмкунандагон хоҳиши гирифтани таҳсилоти дуюм ва ё идомаи таҳсилро баъди хатм дар муассисаҳои олии кишвар доранд. Зимни сӯҳбату машваратҳо тариқи саволу ҷавоб донишҷӯён аз мутахассисон перомуни масъалаи мазкур маълумот гирифтанд.

Сафаралӣ Латипов – сардори шуъбаи таълими МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.