ОЗМУНИ МОМОДОЯИ БЕҲТАРИН

0 20

      Саннаи 31 марти соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз тарафи кафедраи «Акушерӣ ва гиникологӣ» озмуни  «Момодояи беҳтарин», бахшида ба муносибати 70- солагии муассиса ташкилу баргузор карда шуд. Шартҳои озмун, ки аз саволу ҷавоб ва иҷроиши малакаҳои касбии момодоягӣ иборат буданд аз тарафи донишҷӯён дар сатҳи баланд иҷро карда шуданд. Дар охири озмун ҳамчунин саволу ҷавоб бо аҳли толор, донишҷӯёни иштирокчӣ бо мақсади мустаҳкам намудани дониши онҳо оид ба масъалаи солимии модару кӯдак сурат гирифт. Фаъолони озмун бо ифтихорномаи роҳбарияти муасиса сарфароз гардонида шуданд.

Мудири кафедраи

акушерӣ ва гинекологӣ                               Шарипова Д.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.