ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН

0 50

      Бо ин унвон дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” санаи 9 марти соли 2023 конференсияи таълимӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия роҳбарияти коллеҷ ва кормандони Маркази њифзи иљтимоии маъюбон дар шаҳри Кӯлоб Каримова Мунира иштирок доштанд. Дар конференсия ба донишҷӯён маърӯзаҳои зерин ироа карда шуданд:

— «Маъюбӣ ва сабабҳои пайдоиши он» — донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси кори табобатӣ Сатторзода С.;

— «Гурӯҳҳои маъюбӣ» — донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси кори табобатӣ — Исуфзода Д.;

— “Тавонбахшии маъюбон” — донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси  кори табобатӣ Олуфтамоҳи Б.С.

   Дар конференсия ҳамчунин маълумоти мухтасар доир ба фаъолияти Маркази ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар шаҳри Кӯлоб аз тарафи корманди ин муассиса Каримова Мунира ба иштирокчиён пешкаш карда шуд.

Мудири кафедраи тибби оилавӣ           Бозорова С.С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.