0 36 Мубодила кардан Санаи 2 – юми декабри соли ҷорӣ дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» озмуни «Табибон-роздони дардмандон» аз тарафи кафедраи «Фармакология» ташкилу баргузор гардид. Дар озмун донишҷўёни бахши якуми факултети кори фарматсевтӣ иштирок намуданд. Дар озмун донишҷӯён шартҳои озмунро, ки аз саволу ҷавоб, пешниҳоди маълумотномаҳо оид ба таркиб ва истифодаи гиёҳҳои шифобахш барои табобати бемориҳо ва иҷроиши корҳои амалӣ иборат буданд дар сатҳи хуб иҷро намуданд. Фаъолони озмун бо сипосномаи роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд. Мудири кафедраи Фармакология Шарипова К. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 36 Мубодила кардан