ОЗМУНИ ТАҲЛИЛГАРИ БЕҲТАРИН

0 14

        16 ноябри соли 2022 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» бо ташабуси кафедраи «Химия ва биология» озмуни “Таҳлилгари беҳтарин” баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни факултети “Кори тиббӣ-ташхисӣ” иштирок намуданд.

        Мақсади ташкили озмун беҳтар намудани сатҳи дониши донишҷӯён ва ҳавасмандгардонии онҳо ба касби интихобнамудаашон мебошад. Дар озмун ду гурӯҳи донишҷӯён иштирок намуда, шартҳои онро, ки аз саволу ҷавоб ва иҷроиши корҳои амалӣ-ташхисӣ иборат буданд иҷро намуданд. Ғолибони озмун бо ифтихорномаи роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.

Омӯзгори кафедраи “Химия ва биология” Шовалиева Қ.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.