0 11 Мубодила кардан Бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз саннаи 8 то 12 ноябри соли 2022 мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд байни дастаҳои муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ, барои дарёфти ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар мусобиқа 16 даста иштирок намуданд, ки дар натиҷа дастаи МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” сазовори ҷойи сеюм гашта бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ — дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуд. Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Ҷафаров А. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 11 Мубодила кардан