КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ! 0 22 Мубодила кардан Санаи 3 ноябр дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кулоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» Конференсияи илмӣ – сиёсӣ зери унвони «Конститутсия – бахтномаи миллат» баргузор гардид. Дар Конференсия директори Коллеҷ доктори илмҳои тиб, Азиззода Зубайдулло Абдулло, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Файзи Ашур ва мутахассиси прокуратураи шаҳри Кӯлоб Шарифзода Ҳоҷимуҳаммад иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсияро директори Коллеҷ д.и.т., Азиззода З.А., оғоз намуда, аз таърихи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ёддовар шуданд. Ва иброз доштанд, ки қабули Конститутсия агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст. Сипас, меҳмонон ва омӯзгорон ба сухан баромада, оид ба ин санади ҳуқуқию таърихӣ маърӯзаҳои илмӣ намуда, қайд доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади муҳиму тақдирсоз ба мо имконият дод, ки ба қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон ворид гардида, муаррифгари давлате бошем, ки сохтораш соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст. Дар чорабинӣ аъзоёни маҳфили «Муаррихони ҷавон»-и кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» вобаста ба Конститутсия маърӯза ва андешаҳои ҷолиби худро баён доштанд. Дар фароварди Конференсия, як гурӯҳ донишҷӯёни Коллеҷ, ки дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯҳи субҳи донои китоб аст» сазовори ҷойҳои намоён гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи роҳбарият қадрдонӣ гардиданд. С.Т. Иброҳимов Мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” Пеш 1 то 25 саҳифа Баъдӣ 0 22 Мубодила кардан