Санаи 15 – уми октябри соли 2022 мусобиқаи ҷумҳуриявии вазнбардорӣ байни ҷавонон (писарон ва бонувон), дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар мусобиқа 5 нафар донишҷӯдухтарони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”, фаъолона шаркат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд, бо медал ва дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, аз ҷумла:
-
Раҳимова Гулҷаҳон Исломҷоновна, донишҷӯи курси 2-юми гурӯҳи 205-и факулети “Кори ҳамширагӣ”, дар вазни 40-50кг, сазовори ҷойи якум;
-
Азамзода Ясмина, донишҷӯи курси 1-уми гурӯҳи 113-и факулети “Кори ҳамширагӣ” дар вазни 30-35кг, сазовори ҷойи якум;
-
Зайнурамоҳи Шарофуддин, донишҷӯи курси 3-уми гурӯҳи 310-и факулети “Кори момодоягӣ” дар вазни 40-45кг, сазовори ҷойи якум;
-
Мирзоализода Руҳафзо, донишҷӯи курси 1-уми гурӯҳи 114-и факулети “Кори табобатӣ” дар мусобиқаи муштзанӣ (бокс) дар вазни 87кг, сазовори ҷойи дуюм;
-
Зикриёзода Фарзона, донишҷӯи курси 1-уми гурӯҳи 114-и факулети “Кори ҳамширагӣ” дар вазни 30-35кг, сазовори ҷойи сеюм.