«РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ» 0 25 Мубодила кардан Зери ин унвон рӯзи 22.09.2022 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» Конференсияи илмӣ-бадеӣ бахшида ба бузургдошти Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Малик-уш Шуарро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид. Чорабиниро кафедраи «Забони тоҷикӣ»-и муассиса созмон дод, ки дар як рӯҳияи илму дониш ва худогоҳиву ватандӯстӣ ва тараннуми некию накӯкорӣ таҷлил карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини директор оид ба корҳои таҷрибаомӯзӣ -Ҷаъфаров Р.Н. баромад карда, оид ба ҳаёту фаъолияти устод Рӯдакӣ суханронӣ намуда, миннатдории маъмурияти муассисаи таълимиро ба созмондиҳандагони ин чорабинӣ расонид. Мудири кафедраи «Забони тоҷикӣ»-и МДТ «Коллеҷи тибби ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» Ш.Комилова Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 25 Мубодила кардан