ҶАЛАСАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ” 0 20 Мубодила кардан Санаи 23 июни соли ҷорӣ ҷамъомади аъзоёни Иттифоқи касабаи омӯзгорон ва кормандони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷонишини раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи тандурустӣ Шарипов Аваз иштирок намуд. Дар кори ҷаласа натиҷаи фаъолияти раёсати Иттифоқи касабаи кормандон баррасӣ гардид. Дар ҷаласа фаъолияти Иттифоқи касабаи омӯзгорон ва кормандони коллеҷ дар давоми соли сипаригашта ва солҳои пешин дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кормандон, аз имтиёзҳои иҷтимоии муассиса васеъ истифода бурдани онҳо, дастгирии омӯзгорону кормандони камбизоату эҳтиёҷманд, ба муассисаҳои солимгардонӣ ва истироҳатӣ сафарбар намудани онҳо, ҳавасманд гардонидани омӯзгорону кормандон дар ҷашнҳои идона ва ғайра самаранок арзёбӣ карда шуд. Масъалаи дигари ҷаласа интихоби раиси нави Иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандони муассиса буд. Бо сабаби дар синни нафақа қарор доштани Раиси иттифоқи касаба Тавакалов Н.Б. ва хоҳиши худи ӯ ҷаласа ба хулосае омад, ки тариқи овоздиҳии кушода Тавакалов Нураҳмад Бухориевичро аз раисии Иттифоқи касаба озод намояд. Барои хизматҳои тӯлонии бенуқсонаш дар таълиму тарбияи ҷавонон ва фаъолияти босамараш ба ҳайси раиси Иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандон роҳбарияти муассиса Тавакалов Нураҳмад Бухориевичро бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Сипас дар ҷаласа масъалаи интихоби раиси нави Иттифоқи касаба гузошта шуд. Ҳайати Иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандони муассиса тариқи овоздиҳии кушода мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» Иброҳимов Сорбон Тоҳировичро ба вазифаи раиси Иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандони муассиса таъйин намуд. Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 20 Мубодила кардан