ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ҲАМШИРАИ ТИББИ ОИЛАВӢ»

0 91

     Санаи 3 – юми марти соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” аз тарафи кафедраи тибби оилавӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии донишҷӯён нисбат ба касби интихоб намудаашон ва сатҳи дониши назариявӣ ва амалии онҳо озмуни беҳтарин ҳамшираи тибби оилавӣ ташкилу баргузор карда шуд. Дар озмун донишҷӯёни бахши чоруми факултети кори табобатӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуда, шартҳои озмунро, ки аз саволу ҷавоб ва иҷрои малакаҳои амалии тахассусӣ иборат буданд иҷро намуданд. Донишҷӯёни ҳар ду гурӯҳ аз ӯҳдаи иҷрои шартҳои озмун ба хубӣ баромаданд. Иштирокчиёни фаъоли озмун бо ифтихорномаи раёсати коллеҷ сарфароз гардонида шуданд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.