АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН!

0 109

     Зери чунин шиор санаи 22 – юми феврали соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҳамоиши тантанавӣ, бахшида ба 29 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ҷанг дар Афғонистон иштирок намуда, суханронӣ намуданд.

      Ҳамоишро директори муассиса Азиззода З.А. оғоз намуда, қайд намуд, ки имрӯз, ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Боиси сарфарозии тамоми мардуми кишвар мебошад, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо меҳнату заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои Артиши пурқудрат гаштааст ва қодир аст, марзу буми кишвар ва осоиштагию истиқлолиятро дар ватанамон ба пуррагӣ ҳифз намоянд. Маҳз меҳнату талош ва бедорхобиҳои кормандони Артиши миллӣ мебошад, ки оромӣ, босуботӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар таъмин аст.

      Намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ҷанг дар Афғонистон Азимов Суҳроб ба сухан баромада, ҳозиринро, бахшида ба 29- умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

  Дар рафти ҳамоиш омӯзгорони кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” — и Коллеҷ доир ба мавзӯъҳои таърихи таъсисёбӣ ва саҳми Артиши миллӣ дар нигаҳдории сулҳу амонии кишвар маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

    Қайд карда шуд, ки дар ҳақиқат, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тули ин солҳо барои ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои Истиқлолият, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дода истодаанд.

Мудири кафедраи

“Фанҳои гуманитарӣ”                      Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.