МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ” НАТИҶАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2021

0 67

     Санаи 12 январи соли 2022 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти муассиса дар соли 2021 баррасӣ гардид.

   Пеш аз оғози ҷаласа озмунҳои беҳтарин факултет, беҳтарин кафедра, донишҷӯи беҳтарин, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд. Зимни ҷаласа як қатор омӯзгороне, ки дар соли 2021 дар ҷодаи таълиму тарбия фаъолияти назаррас доштанд бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин донишҷӯёне дар озмунҳои фаннӣ ва варзишии сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштанд бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

  Дар ҷаласа директори муассиса Азиззода Зубайдулло Абдулло ҳисобот дода, қайд намуд, ки коллеҷ фаъолияти худро дар соли 2021 бо дастовардҳои назаррас ба анҷом расонид. Сол аз сол заминаи моддию техникии коллеҷ пурзӯр гардида, айни замон он дорои 4 бинои таълимӣ, китохона, хобгоњ, марказҳои таълимӣ, 141 кабинетҳои фаннӣ, толор ва майдончаи варзишӣ мебошад. Дар соли 2021 қисми зиёди бинои асосии муассиса ва кабинетҳои таълимӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд.

     Дар соли 2021 баҳри беҳтар намудани раванди таълим 5 адад компютер, 5 адад принтер ва 24 адад тахтаҳои синфӣ харидорӣ карда шудаанд. Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 151-адад, принтерҳо 41-адад, тахтаҳои электронӣ 12, проектори мултимедӣ 13 ададро ташкил медиҳад.

   Ҳоло дар Коллеҷ аз рӯи ҳафт ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Таҳлилҳо нишон дод, ки дар муқоиса нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 дар соли таҳсили 2020-2021 нишондодҳои азхудкунӣ 1,6% ва сифати таҳсилот 8,8% боло рафтаанд.

  Дар соли 2021 –ум аз тарафи омӯзгорони кафедраҳои гуногун 35 дарсҳои кушоду намунавӣ, 8-конференсияи илмӣ — сиёсӣ, 15-конференсияи илмӣ — назариявӣ, 3 викторинаи фаннӣ, 13- озмунҳои касбии тахассусӣ ташкилу баргузор карда шудаанд.

     Донишҷӯёни муассиса дар озмунҳои гуногуни сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла озмунҳои “Фурӯғи субҳӣ доноӣ китоб аст” ва “Илм фуруғи маърифат” ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

   Дар соли таҳсили 2020-2021, дар коллеҷ 4 нафар донишҷӯёни аълохон гирандагони стипендияи номӣ буданд, аз ҷумла ян нафар гирандаи стипендияи Президентӣ ва 3 нафар сазовори стипендияи раиси вилояти Хатлон гаштанд.

   Соли 2021-ум дар Коллеҷ аз тарафи фарзандони профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз стипендияи номӣ таъсис дода шуд, ки ҳаҷми солонаи он ба 10 ҳазор сомонӣ баробар мебошад. Стипендияи ба номи профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз ба 10 нафар донишҷӯёни аълохон ба миқдори 1000 сомонӣ тақдим карда шуд.

    Корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён аз тарафи бахши тарбияи муассиса роҳбарӣ карда мешавад. Дар муассиса пайваста чорабиниҳои сиёсию тарбиявӣ бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарастӣ ва гиромӣ доштани касби пурифтихори худ баргузор карда шудаанд. Ҳамчунин донишҷӯёну омӯзгорони коллеҷ дар ҳама чорабиниҳои идонаю сиёсии сатҳи шаҳрию ваилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол доштанд.

    Чорабиниҳои варзишӣ низ дар коллеҷ хуб ба роҳ монда шуда, дастаҳои варзишии коллеҷ дар якчанд мусобиқаҳои варзишӣ дар соли гузашта сазовори ҷойҳои аввал гаштаанд ва бо мукофоту медалҳо соҳиб шудаанд.

   Таҷрибаомӯзии донишҷӯён солҳои охир беҳтар гардида, он дар 33 муассисаҳои тандурустии шаҳри Кӯлоб, ки дар онҳо 42 адад синфхонаҳо барои таълимгирии донишҷӯён ҷудо гаштаанд сурат мегирад.

  Дар соли 2021 ба китобхона 3483 адад китобҳои тахассусӣ ворид карда шудааст. Айни замон дар хазинаи китобхона ҳамагӣ 22256 адад адабиёти таълимӣ мавҷуд аст, аз ҷумла адабиёти тахассусӣ 10118 адад, бадеӣ 11903  адад ва таърихӣ-сиёсӣ  208 адад. Омӯзгорону донишҷӯён аз китобхона босамар истифода менамоянд.

       Дар Коллеҷ айни замон 194-нафар омўзгорон фаъолият менамоянд. 14 нафар омӯзгорони Коллеҷ бо медали “Аълочии тандурустӣ”, 36 нафар бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шудаанд. Аз ҷамъи умумии омӯзгорон 95 (48,9%) -нафарашонро мутахассисони ҷавони то 35 сола ташкил медиҳад.

      Дар  Коллеҷ 4 номзадони илм, ва як нафар доктори илми тиб фаъолият доранд. Дар соли сипаригашта дар коллеҷ якчанд конфронсҳои илмӣ ташкилу баргузор гардиданд. Ҳамчунин омӯзгорони коллеҷ дар якчанд конфронсҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуданд.

     Соли 2021 бо дасгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак”, ки бо дасгирии Хазинаи Нуфузи СММ ва Бонки Исломии Рушд, амалӣ карда мешавад дар коллеҷ ду синфхонаи таълимӣ баҳри беҳтар намудани омӯзиши фанҳои “Момоӣ ва бемориҳои занона” ба истифода дода шуд. Синфхонаҳои мазкур бо мизу курсӣ, муляжҳо, кондитсионер ва аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

    Дар баробари дастовардҳо якчанд норасоию камбудиҳо дар фаъолияти муассиса, аз ҷумла норасоии адабиёти таълимӣ, ҷиҳозу аёниятҳои таълимӣ қайд карда шуданд.

     Роҳбари муассиса қайд намуданд, ки дар соли 2022 ҳайати омӯзгорони муассиса оид ба масъалаҳои ҷоннок намудани сохтмони хобгоҳ барои донишҷӯён, чопи китобҳои дарсӣ, бо ҷиҳози таълимӣ таъмин намудани раванди таълим, пурзӯр намудани заминаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, вусъат додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон, беҳтарсозии заминаи моддию техникӣ саъю кӯшиш хоҳанд намуд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.