27 СОЛИ ПУРСАМАР!

0 48

     Рӯзи 10 декабри соли 2021 дар толори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ворисони Сино” ҳамоиши тантанавӣ, бахшида ба таҷлили 27- умин солгарди таъсисёбии Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон, зери унвони «27 соли пурсамар» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини Кумитаи марказии ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саймуъмин ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

     Ҷамъомадро директори Коллеҷ Азиззода З.А. оғоз намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат мебошад, маҳз дар ибтидои соли 1993 сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудаанд. Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули бунёди давлатдорию давлатсозӣ нақши муҳим бозад.

     Сипас, Фирўзи Саймуъмин муовини Кумитаи марказии ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба  таърихи ҳизб ва дастоварду комёбиҳои он маърӯза намуда, иброз доштанд, ки нуфузу эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз обрӯ ва маҳбубияти роҳбари хеш, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Вазифаи бунёдии мо дар марҳилаи кунунӣ – тавассути ташкилотҳои ибтидоӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

        Инчунин,  омӯзгорон ва донишҷўён бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои хеш баромад намуда, нақши ҲХДТ-ро дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол калидӣ арзёбӣ намуданд.

         Дар охир гурӯҳи ҳаваскорон бо барномаи фарҳангӣ таъби аҳли толорро болида гардониданд.

                                      Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Ворисони Сино”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.