ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН!

0 45

    Санаи 16 ноябри соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои тоҷикони ҷаҳон» баргузор гардид. Дар кори Конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, роҳбарияти муассиса ва омӯзгорону донишҷӯён  иштирок намуданд.

   Маърӯзачиён зимни суханронӣ аз хизматҳои шоёну таърихии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд. Аз ҷумла, Раиси КИМ ҲХДТ дар шаҳри Кўлоб Шарифзода Гулрухсор баромад карда ќайд намуданд, ки мактаби давлатдорие, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт, анъанаҳои неки гузаштагон, амалияи имрӯзи давлатдорӣ ва идоракуниро дар шароити муосир ба ҳам овардааст.

  Омўзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ» зимни баромадҳояшон иброз доштанд, ки низоми махсуси ғояҳо ва арзишҳо, шакли муносиби муошират ва муносибат, танзими хоси равандҳо ва рӯйдоду ҳодисот, ташаккули элитаи сиёсии миллӣ, шаклгирии фарҳанги муосири сиёсӣ ва коркарди механизмҳои зарурии таъминкунандаи ҳамгироӣ дар ҷомеа, дар маҷмуъ, инъикоскунандаи шакли идоракунии нав дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд, ки ҷанбаҳои усулии ин мактаби бузурги сиёсиро ташкил медиҳанд. Ниҳоди Пешвои миллат сохтори комилан нав дар таҷрибаи давлатдории мо маҳсуб меёбад. Аз нуқтаи назари аҳамияти иҷтимоию сиёсии худ он ба сифати ҷавҳари муттаҳидкунанда баромад намуда, дар сафарбарии ҷомеа ҷиҳати муваффақ гаштан ба натиҷаҳои интизорӣ нақши бузург дорад.

      Дар охири Конференсия қайд гардид, ки имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки миллати тоҷик дар симои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарваре дорад, ки роҳи ояндаашро бо чароғи садоқату муҳаббат равшан мекунад.

   Мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ   Иброҳимов С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.