ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ” БО ДОНИШҶӮЁНИ БАХШИ АВВАЛ

0 15

       Санаи 28 октябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” вохӯрии роҳбарияти муассиса бо донишҷӯёни бахши аввал баргузор гардид. Дар вохӯрӣ директори муассиса номзади илмҳои тиб, Азиззода Зубайдулло Абдулло суханронӣ намуда, донишҷӯёнро бо роҳбарият шинос намуд. Сипас ӯ перомуни масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонон, аз ҷумла иштироки фаъолона дар машғулиятҳо, тартиботи дохилӣ, риояи сару либоси тавсиявӣ, беҳуда истифода накардани телефонҳои мобилӣ, тартиби раванди таълим, одоби салом, риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ аз тарафи донишҷӯён, эҳтиёткорона муносибат намудани донишҷӯён бо ҷиҳози таълимӣ дар синфхонаҳо, истифодаи онҳо аз китобхонаи муассиса, даст назадан ба қонуншиканиҳо ва дигар масъалаҳои мубраме, ки давоми таҳсил барои донишҷӯён заруранд сухан намуданд. Зимни суханронӣ Азиззода З.А. аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тули солҳои соҳибистиқлолӣ ва дастгирии ҷавонон ва соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас гаштанд. Ба ҷавонон таъкид карда шуд, ки аз ваҳдату осоиштагӣ, давлати амну соҳибистиқлол шукрона намуда, ҳамеша пайи омӯзиши касбу ҳунар бошанд. Қайд карда шуд, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маорифу илм Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб низ солҳои соҳибистиқлолӣ рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. Имрӯзҳо ба донишҷӯён зиёда аз 200 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд. Заминаи моддию техникии муассиса сол аз сол беҳтар гашта, синфхонаҳои таълимӣ бо ҷиҳозу аёниятҳо таъмин гашта истодааст, хазинаи китобхона бо китобҳои чопӣ ва электронӣ сол аз сол ғанӣ гардонида шуда истодааст, марказҳои таҷрибаомӯзии таълимию табабатӣ ва истеҳсолӣ бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда истодааст, ки ин барои беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисон мусоидат хоҳад намуд.

     Дар охир директори муассиса донишҷӯёнро барои ноил гаштан ба унвони донишҷӯ табрик намуда, ба онҳо дар ҷодаи таълиму касбомӯзӣ бурдбориҳо таманно намуд.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.