ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶ ДАР ОЗМУНИ «ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» 0 5 Мубодила кардан Санаи 30 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври дуюми (шаҳрии) Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо иштироки муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Озмуни мазкур тайи солҳои охир бо мақсади такмилу рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ роҳандозӣ гардида, дар он донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ аз ҳамаи зинаҳои таҳсилот фаъолона иштирок менамоянд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» иштирок намуда, ба чунин натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд: Давлатов Султон – донишҷӯи бахши сеюми факултети кори фармасевтӣ, аз рӯи номинатсияи «География» сазовори ҷойи дуюм гардид; Мутрибаи Худоёр – донишҷӯи бахши сеюми факултети кори табобатӣ, аз рӯи номинатсияи «Химия» сазовори ҷойи дуюм гардид; Туғайзода Сумая – донишҷӯи бахши сеюми факултети кори ҳамширагӣ (9), аз рӯи номинатсияи «Технологияҳои иттилоотӣ» сазовори ҷойи сеюм гардид; Абдуназарова Шаҳноза – донишҷӯи бахши дуюми факултети кори момодоягӣ, аз рӯи номинатсияи «Математика» сазовори ҷойи сеюм гардид. Бояд қайд намуд, ки иштирок дар чунин озмунҳо барои ошкор намудани истеъдодҳои нав, рушди қобилияти зеҳнӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати насли наврасу ҷавон мусоидат намуда, дар тарбияи мутахассисони соҳибмаърифату рақобатпазир нақши муҳим мебозад. Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» иштирокчиён ва ғолибони озмунро самимона табрик гуфта, барояшон дар даврҳои минбаъдаи озмун комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд. Маҳмудзода К.Н. Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 5 Мубодила кардан