ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕШАЗДИПЛОМӢ — ҚАДАМИ МУҲИМ БА СӮИ КАСБИЯТИ БАЛАНД 0 1 Мубодила кардан Донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» айни ҳол дар муассисаҳои тандурустии шаҳрӣ ва минтақавии шаҳри Кӯлоб таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ гузаронида истодаанд. Ҳадаф аз баргузор намудани таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ такмили донишҳои назариявӣ, баланд бардоштани маҳорати амалӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавон ба фаъолияти мустақилонаи касбӣ мебошад. Донишҷӯён дар рафти таҷрибаомӯзӣ зери роҳбарии мутахассисони соҳибтаҷриба фаъолият намуда, нозукиҳои касби тибро аз наздик меомӯзанд. Инчунин, онҳо дар расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳамзамон, муовини директор оид ба таҷрибаомӯзӣ Эмомова Сайлигул дар якҷоягӣ бо деканони факултетҳо пайваста аз рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар беморхонаҳо дидан намуда, ба онҳо маслиҳату тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд. Таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ яке аз марҳилаҳои муҳими омодасозии мутахассисони соҳаи тиб ба ҳисоб рафта, барои ташаккули малака, таҷрибаи касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад. Файзали Сироҷов Мудири бахши таҷрибаомӯзии МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан