ДОНИШУ МАЪРИФАТ — РОҲНАМОИ ҶАВОНОН БА СӮЙИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

0 3

Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳаматарафаи корнамоиҳои мондагор ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид.

Дар озмун донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуда, донишу малакаи худро вобаста ба омӯзиш ва дарки осори Пешвои миллат нишон доданд. Иштирокчиён аз рӯйи донистани мазмуну муҳтавои асарҳо, таҳлил ва шарҳи андешаҳои асосӣ, инчунин саҳми арзандаи Пешвои миллат дар бунёди давлати навини тоҷикон ва қобилияти суханварӣ баҳогузорӣ гардиданд.

Ҳайати ҳакамон сатҳи омодагии иштирокчиёнро баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин озмунҳо дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат нақши муҳим доранд.

Дар анҷоми даври якум иштирокчиёни беҳтарин муайян гардида, ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар муассиса ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, рушди ҷаҳонбинии донишҷӯён ва тарғиби осори гаронбаҳои Пешвои миллат мусоидат менамояд.

Маҳмудзода Қумринисо

Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.