БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА АҲАМИЯТИ ОЛАМШУМУЛИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ 0 9 Мубодила кардан 6-уми майи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» бо ташаббуси омӯзгори калони кафедраи «Таърих ва ҳуқуқ» Абдураҳмонова Г.Н. конференсияи илмӣ-назариявӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Аҳамияти оламшумули таърихии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг, арҷгузорӣ ба ҷоннисориҳои онҳо ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ миёни ҷавонон арзёбӣ мегардад. Дар кори конференсия муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Нуруллоён Сарвиноз, меҳмонони гиромӣ, аз ҷумла узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, собиқадорони меҳнат — Шафоат Комилова, Ҷумахон Салимов, Гиёев Табар, сардори шуъбаи илмӣ-методии муассиса Абдураҳмонов Карим, инчунин омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Конференсияро омӯзгори калони кафедраи таърих ва ҳуқуқ Абдураҳмонова Гулчеҳра бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, суханро ба муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Нуруллоён Сарвиноз вогузор карданд. Муовини директор дар баромади худ ҳозиринро аз номи роҳбарияти муассиса хайрамақдам гуфта, зикр намуданд, ки ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи башарият ба ҳисоб рафта, омӯзиш ва гиромидошти он барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аҳамияти хос дорад. Дар идомаи конференсия маърӯзаҳои илмӣ-назариявӣ дар мавзуъҳои гуногуни марбут ба таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ пешниҳод гардида, саҳми арзандаи халқи тоҷик дар таъмини Ғалаба ва нақши онҳо дар фронт ва ақибгоҳ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Ҳамзамон, донишҷӯён бо қироати шеърҳо дар васфи ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, инсондӯстӣ ва ҳамбастагӣ баромад намуда, фазои маънавии чорабиниро боз ҳам ғанӣ гардониданд. Дар қисмати ҷамъбастӣ собиқадорони меҳнат суханронӣ намуда, аз хотироти худ ёдовар гардида, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба таърих ва идомаи анъанаҳои неки миллӣ даъват карданд. Дар фарҷом як гурӯҳ иштирокчиёни фаъоли конференсия ва собиқадорони муассиса бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Конференсия дар фазои илмӣ, фарҳангӣ ва ватандӯстона баргузор гардида, дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба таърих ва арзишҳои миллӣ нақши муҳим гузошт. Сайлонби Давлатова Мудири кафедраи «Таърих ва ҳуқуқ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А» Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 9 Мубодила кардан