КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

0 6

Дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» санаи 4 майи соли 2026 конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар масири истиқлолият» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни зодрӯзи донишманди бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, иди касбии «Рӯзи кормандони тиб» ва таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, омӯзгорон ва донишҷӯёнро гирди ҳам овард.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои педагогӣ Маҳмудзода Қумринисо Нуралӣ оғоз ёфта, аҳамияти рушди илму тандурустӣ дар даврони истиқлолият махсус таъкид гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ маърӯзаҳои пурмазмун ва ҷолиби омӯзгорони кафедраҳои «Тибби оилавӣ», «Момоӣ» ва «Кори ҳамширагӣ» пешниҳоди ҳозирин гардиданд. Мавзӯъҳои баррасишуда паҳлуҳои гуногуни таърих, рушд ва дастовардҳои соҳаи тандурустиро фаро гирифтанд.

Дар фарҷоми конференсия, сардори бахши илмӣ-методӣ Абдураҳмонов Каримхон ба фаъолияти иштирокдорон баҳои баланд дода, нақши чунин чорабиниҳоро дар такмили дониши касбӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуд.

Баргузории чунин конференсияҳо заминаи мусоид барои рушди тафаккури илмӣ, болоравии сатҳи дониш ва тарбияи мутахассисони баландихтисос дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.