ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ МО ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ 0 5 Мубодила кардан Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Суруш маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гардид. Дар чорабинии сатҳи баланд намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарони сохторҳои соҳавӣ, устодони соҳибтаҷриба ва донишҷӯёни болаёқати кишвар иштирок намуда, фазои илмӣ ва маърифатиро боз ҳам ғанӣ гардониданд. Маросим бо сухани ифтитоҳии раиси Кумита оғоз ёфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз 30 апрел то 2 майи соли ҷорӣ аз рӯи фанҳои асосии таълимӣ — математика, информатика, физика, химия, биология, таърихи халқи тоҷик, забон ва адабиёти тоҷик, инчунин забонҳои русӣ ва англисӣ — дар сатҳи баланд баргузор гардид. Инчунин зикр шуд, ки чунин озмунҳои илмӣ-назариявӣ дар рушди тафаккури мантиқӣ, таҳкими дониш ва дарёфти истеъдодҳои нав нақши муҳим доранд. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” низ иштироки фаъолона нишон доданд. Дар натиҷа: Бозорзода Зиёвуддин — аз фанни химия, ҷойи сеюм Ҷафарова Шукрия — аз фанни забони русӣ, ҷойи ифтихорӣ Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумита сарфароз гардонида шуданд. Бешубҳа, чунин олимпиадаҳо на танҳо майдони санҷиши дониш, балки мактаби воқеии тарбияи зеҳнӣ, рушди тафаккури таҳлилӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Қумринисо Маҳмудзода Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 5 Мубодила кардан