ИДОМАИ ИҚДОМИ ИНСОНДӮСТОНА — ТАҚВИЯТИ ДАСТГИРӢ БА ЗАРАРДИДАГОН (03.05.2026) 0 5 Мубодила кардан Дар идомаи иқдомҳои хайриявию инсондӯстона ҷиҳати дастгирии сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ки рӯзҳои 1–2 майи соли равон бар асари боришоти шадид ба вуқуъ пайваста буд, кормандон ва омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” фаъолияти худро имрӯз низ идома доданд. Бо роҳнамоӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи супоришҳои бевоситаи роҳбари муассиса, муҳтарам Назарзода Ҷ.Ш., гурӯҳи корӣ бори дигар ба манзили шаҳрвандони зарардида ташриф оварда, аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз наздик шинос гардиданд. Дар ҷараёни ин ташриф, ба як қатор оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои иловагӣ расонида шуда, ҳамзамон кормандон дар корҳои тозакунии манзилҳо, барқарорсозии шароити зист ва ба эътидол овардани муҳити атроф саҳми фаъол гузоштанд. Қобили зикр аст, ки чунин иқдомҳо нишонаи равшани ҳамбастагӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди инсондӯстии кормандони муассиса буда, дар рӯҳияи дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ идома доранд. Итминон аст, ки ин гуна амалҳои хайрхоҳона дар оянда низ идома ёфта, барои сабук намудани вазъи зарардидагон мусоидат хоҳанд кард. Бахтовар Бобоев Муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагии МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 5 Мубодила кардан