ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА — ҚАДАМЕ БА СӮИ ОБОДОНИИ ВАТАН ДАР ОСТОНАИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ 0 5 Мубодила кардан Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити таълимӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва тарбияи фарҳанги меҳнатдӯстӣ миёни донишҷӯён, инчунин дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими ҷамъиятӣ омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, саҳни муассиса, синфхонаҳо, роҳравҳо ва гирду атрофи биноро тоза ва ба тартиб дароварданд. Ҳамзамон, дарахтон сафед карда шуда, гулзорҳо ба тартиб дароварда шуданд ва корҳои ободониву кабудизоркунӣ низ анҷом дода шуданд. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатӣ, барои ободонии муҳити зист ва зебо гардидани муассиса саҳми арзандаи худро гузоштанд. Баргузории чунин шанбегиҳо дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолият баёнгари эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, покдорию ободонӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мебошад. Роҳбарияти муассиса ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳми фаъолонаашон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки чунин иқдомҳои созанда дар оянда низ идома хоҳанд ёфт. МАЪМУРИЯТИ МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А» Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 5 Мубодила кардан