ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КУМИТАИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ВОРИСОНИ СИНО» БАРРАСӢ ГАРДИД 0 1 Мубодила кардан Санаи 25 апрели соли 2026 дар муассиса маҷлиси Кумитаи ибтидоии ҳизбии «Ворисони Сино» баргузор гардид, ки дар он фаъолияти семоҳа дар давраи аз 1 январ то 1 апрели соли 2026 мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар кори маҷлис Муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода Қ.Н. – узви Раёсати Кумитаи ибтидоии ҳизбӣ, Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қурбон – узви Раёсат, Сардори шуъбаи таълим Сафарзода Ф.Р. – узви Раёсат, Декани факултаи кори табобатӣ Одинаев Ҷамшед, Раиси кумитаи иттифоқи касабаи муассиса Ҷаъфаров Р.Н. инчунин дигар аъзоёни фаъоли кумитаи ҳизбӣ иштирок намуданд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома муовини раиси Кумитаи ибтидоии ҳизбӣ Абдураҳмонов К.Ҷ. баромад намуда, оид ба фаъолияти кумита дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳисоботи муфассал пешниҳод кард. Қайд гардид, ки фаъолияти кумита дар асоси нақша – барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар самти тарбияи маънавию сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ–фарҳангӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Аз руи масъалаи барасишуда Малоҳати Қурбон ва Одинаев Ҷамшед баромад намуда, доир ба беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ пешниҳодҳои муфид иброз доштанд. Аз рӯи масъалаи дуюм узви Раёсати кумитаи ҳизбӣ Маҳмудзода Қ.Н. баромад намуда, оид ба рафти корҳои омодагӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки дар муассиса корҳои ободонию созандагӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва таълимӣ, инчунин ташкили иқдомҳои ватандӯстона бо иштироки устодону донишҷӯён вусъати тоза касб намудааст. Ҳамзамон, Раиси кумитаи иттифоқи касабаи муассиса Ҷаъфаров Р.Н. низ баромад намуда, оид ба нақши коллектив дар рушди муҳити созанда ва баланд бардоштани масъулияти кормандон андешаҳои худро баён намуд. Аз рӯи масъалаи сеюм Сардори шуъбаи таълим Сафарзода Ф.Р. баромад карда, ба масъалаҳои муҳими таълиму тарбия, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таҳсил, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ, рушди фарҳанги китобхонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин иштироки фаъолона дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Дар ҷамъбаст оид ба беҳтар намудани фаъолияти коллектив ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти ҳар як корманду донишҷӯ тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд. Дар анҷоми маҷлис фаъолияти Кумитаи ибтидоии ҳизбии «Ворисони Сино» дар семоҳаи аввали соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ гардида, барои тақвияти фаъолияти минбаъда ва ҷоннок намудани корҳои омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 1 Мубодила кардан