ТАҚСИМОТ ВА БО ҶОИ КОР ТАЪМИН НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ”

0 1

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017, №262 “Дар бораи Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” барои тақсимоти хатмкунандагон дар асоси фармоиши директори муассиса Комиссияи тақсимоти хатмкунандагон таъсис дода шуда, бо иштироки намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Абдуллоев, Сардори шуъбаи кадрҳои тандурӯстии вилояти Хатлон оид ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Сафаров Ш.Қ., ва маъмурияти муассиса тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муассисаро хатм намудаанд, баргузор карда шуд.

Боиси қайд аст, ки аз ҷониби шахси масъул оид ба тақсимоти фардии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор Роҳбари А.Р.., пеш аз оғози тақсимоти асосӣ маълумот оид ба эҳтиёҷоти муассисаҳои давлатӣ ба норасоии кадрҳо дар муассисаҳои давлатӣ дархост карда шуд.

Ҳамзамон, дар рафти тақсимот хатмкунандагон бо тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва шароиту хусусиятҳои бо ҷои корҳои пешниҳодшуда, шинос карда шуданд.

Хатмкунандагон мақсад гузоштанд, ки ҳар яке пас аз хатми МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ба шаҳр ва маҳалҳои ҷойи зисти худ рафта, аз рӯйи ихтисос кору фаъолият намуда, саҳми худро дар пешравии соҳаи тандурустӣ мегузоранд.

Дар фарҷоми тақсимот аз ҷониби шахсони масъул қарорҳои мушаххас қабул карда шуда, шахси масъул оид ба тақсимоти мазкур барои омода намудани роҳхатҳои хатмкунандагон вазифадор карда шуд.

МАЪМУРИЯТИ МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.