ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ КИҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БО ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСА

0 2

Санаи 24 апрели соли равон дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб — мудири шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шоева Дилноза, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кӯлоб Мирзоев Ҳофиз, мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумита Қосимзода Гулҷаҳон, инчунин муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ворисони Сино» Абдураҳмонов Карим иштирок намуданд.

Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кӯлоб Мирзоев Ҳофиз зимни баромади худ қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ як қатор чорабиниҳои сиёсӣ-маърифатӣ ва тарбиявӣ бо иштироки фаъолонаи ҷавонон баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои минбаъда барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти намояндагӣ муайян гардиданд.

Дар фарҷом иштирокчиёни дигар низ вобаста ба масъалаҳои мубрами самти ҷавонон баромад намуда, оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, дӯст доштани марзу буми Ватани азизамон ва ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ андешаҳои худро баён намуданд.

Мақсади баргузории чунин вохӯриҳо тарбия намудани ҷавонони бонангу номус ва ватандӯст мебошад.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.