Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии соҳа ва иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, №АП-952, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” Фестивали ҷумҳуриявии “Малакаҳои касбӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар даври якуми фестивал зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни фаъол ва боистеъдод иштирок намуда, донишу малака, маҳорати касбӣ ва истеъдоди худро бо рӯҳияи баланди рақобат ва ҳисси масъулият нишон доданд. Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш намуд, ки қобилият ва омодагии худро ҳамчун мутахассиси оянда ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Фестивал на танҳо майдони рақобат, балки фазои рушди фикрронӣ, такмили малакаҳои амалӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти донишҷӯён гардид. Дар ҷараёни баргузории он, иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки таҷрибаи худро ғанӣ гардонида, дониши назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.
Пас аз таҳлил ва арзёбии ҳамаҷонибаи ҳайати комиссия, иштирокчиёни беҳтарин муайян гардида, се нафар донишҷӯи фаъолу лаёқатманд сазовори ҷойҳои намоён дониста шуда, ба даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии “Малакаҳои касбӣ” роҳхат гирифтанд. Ин дастоварди арзанда гувоҳи сатҳи баланди омодагии касбӣ ва заҳмати пайвастаи донишҷӯён мебошад.
Қобили зикр аст, ки чунин чорабиниҳо дар рушду такомули малакаҳои касбӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани нуфузи соҳаи маориф нақши муҳим мебозанд.
Оянда аз ҷавонони донишманду соҳибкасб вобаста аст! Ба ҳамаи иштирокчиён барори кор ва ба ғолибон дар даври минбаъда комёбиҳои нав орзумандем!
МАЪМУРИЯТИ МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»