УМРИ АЙНИ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД….

0 0

Садриддин Айнӣ он солҳо беш аз дигарон ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд.

                                             Эмомалӣ Раҳмон

Садриддин Айнӣ асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951–1954), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Ӯзбекистон, Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад.

Сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро ба дунё омадааст. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хатту савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш дониш омӯзанду донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддинро дар синни шашсолагӣ ба мадраса медиҳад. Устод Айнӣ донишомӯзиашро дар он мадраса дар китоби «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод».

Ҳангоми мактабхонӣ бо намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Соиб, Бедил ва дигар устодони шеъри классикии форсии тоҷикӣ шиносоӣ пайдо мекунад.

Аз сабақҳои пандомӯзи падараш Саидмуродхоҷа, ки марди маърифатдӯсту мухлиси адабиёт буд, баҳра бардошта, дар дил нисбат ба илму дониш ва шеъру шоирӣ муҳаббати зиёд пайдо мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Баъди вафоти падару модараш, бо вуҷуди сахтию маҳрумиятҳои бардавоми зиндагӣ, соли 1890 бо нияти таҳсил ба Бухоро омада, дар ибтидо, бо сабаби муҳтоҷию тангдастӣ маҷбур шудааст, ки хизмати ҳуҷрадорони мадраса ва муллобачаҳои давлатмандро адо карда, танҳо дар лаҳзаҳои фароғат дарсхонӣ кунад.

Вале ӯ бо шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои Мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалтош таҳсил карда, онро соли 1908 хатм менамояд.

Баъди хатми мадраса фаъолияти адабию ҷамъиятии худро ба ҷараёни маорифпарварӣ марбут сохта, дар таъсиси мактабҳои усули нав ва ислоҳи таълиму тадрис ширкат варзидааст.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашӯй, гоҳ мардикорӣ буд.

Дар мактаби ҳаёт Садриддин Айнӣ ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодорро омӯхта, дониши зиндагӣ гирифт. Аз соли 1896 Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона сар кардааст.

Назари устод пас аз мутолиаи асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳонӣ пайдо шуд.

Аз ин рӯ, дар ибтидои асри ХХ устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шамсиддин Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи хешро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони мактабҳои усули нави Бухоро офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд.

Моҳи апрели соли 1917, рӯзҳои ҳуҷуми қувваҳои иртиҷоӣ, аз тарафи одамони амир дастгир ва бо 75 дарра муҷозот шудааст. Ҷисми беҷонашро дар ҳолати абгор аскарони рус аз зиндон халос карда, ба Когон оварданд. Қариб ду моҳ дар беморхона табобат ёфта, 3 июни ҳамон сол ба Самарқанд рафта, он ҷоро истиқоматгоҳи доимӣ қарор медиҳад. Ӯ чи дар Самарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғибу ташвиқот мебарад.

Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шӯравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо туҳмати алоқа доштан ба муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда — Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия»-и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин хотир навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Муҳиддинхоҷаро низ қатл менамояд.

Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист.

Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро ба тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст.

Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918–1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми май» ва ғайра дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ва рӯзномаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмуаи ашъораш «Ахгари инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд.

Устод насрро қолаби мувофиқтар дониста, ҷиддан ба насрнависӣ гузашта, аввалин очерк, ҳикоя ва қиссаву романҳои ҷолибашро рӯйи чоп оварда, асосгузори насри реализми тоҷик гардид.

Соли 1920 якумин қиссаи таърихии худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар асоси далелҳои таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст.

Баъдан қиссаи «Саргузашти як тоҷики камбағал» ё ки «Одина»-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924–1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунонидааст.

Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст, ки дар он ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст.

Нахустин романи ӯ «Дохунда» соли 1930 аз чоп баромад, ки лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагии пешазинқилобию даврони инқилоб ва ҷангу хунрезиҳо, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқеъбинона тасвир намудааст.

Соли 1935 калонтарин романи ӯ «Ғуломон» интишор ёфтааст, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба озодӣ расидани мардумро равшан тасвир намудааст.

Солҳои 1935–1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои ёддоштии «Мактаби кӯҳна» ва «Ятим» аз он ҷумлаанд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) устод як силсила ҳикояю очеркҳои таърихӣ ва мақолаҳои публисистӣ таълиф намудааст. Бо ин роҳ адовати мардумро нисбат ба фашизми хунхор бедор кардааст.

Дар тӯли солҳои 1949–1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид, ки дар бораи муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд.

Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун офаридаи ӯ дар маҷмуаҳои «Ёдгорӣ» (1935), «Ашъори мунтахаб» (1958), «Ахгари инқилоб» (1974) гирдоварӣ ва чоп шудаанд.

Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд. Хизмати ӯ, махсусан дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсозии тадқиқотии ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) солшуморӣ мешавад.

Рисолаҳои илмии ӯ дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, ибни Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Восифӣ ва дигарон ҳанӯз ҳам аҳамияти илмии худро гум накардаанд. Ашъори адабӣ ва илмии устод Айнӣ дар «Куллиёт»-и 15 ҷилда гирдоварӣ шудаанд. Осораш бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва нашр шудаанд.

Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷик ва узбек кор кардааст. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тиҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро ба ҷо овардааст.

Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъйин гашт. Ӯ нахустин президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951–1954) мебошад.

Корнамоии беназири устод дар таърихи миллати тоҷик камназир буда, тамоми умри бобаракати худро барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани он сарф кардааст. Худи устод дар як мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навиштааст: «Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошад, ки дар қарни ҳафт ба худ номи “тоҷик”-ро гирифт».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш чунин иброз намуданд: «Устод Садриддин Айнӣ дар аввали асри ХХ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳои худ аз таърих, забон, адабиёт ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард…»

Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт. Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шоиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар оянда буд.

Дар воқеъ устод Айнӣ яке аз парчамбардорони фарҳанги пурғановати миллӣ, равшангари таърихи шарафманду ҷоннисори Ватану миллати бузургамон буда, месазад аз номи пурифтихору мероси мондагори ӯ абадулобод фахрему нозему илҳом бардорем.

Ҳавасмоҳ Бобошоева

китобдори МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.