ВИКТОРИНА БАХШИДА БА РӮЗГОР ВА ОСОРИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

0 2

Имрӯз (09.04.2026) дар гурӯҳи 102-и ихтисоси кори ҳамширагӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Маҳмадова Заррина ва Акбарова Майсара бо мақсади баланд бардоштани маърифати адабӣ, тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва шиносоии амиқи донишҷӯён бо ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависандаи барҷастаи тоҷик Сотим Улуғзода викторина (саволу ҷавоб) баргузор гардид.

Дар баргузории викторина аз шуъбаи методӣ Каримзода Басонат, мудири кафедра Саидова Дилафрӯз, омӯзгорон Гулбарги Амриддин, Исломова Сумангул, Валиева Ҳусния ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Сараввал омӯзгор Маҳмадова Заррина викторинаро оғоз намуд. Сипас доир ба мавзӯи «Рӯзгор ва осори Сотим Улуғзода» суханронӣ карда, бо истифода аз аёниятҳо ба донишҷӯён маълумоти муфассал дод. Ӯ қайд намуд, ки машғулиятҳои зеҳнӣ ё викторинаҳо яке аз рукнҳои фаъолияти амалӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли бозии фикрӣ баргузор мешаванд ва барои ташаккули тафаккури донишҷӯён таъсири мусбат мерасонанд.

Викторина ба шакли хаттӣ ва шифоҳӣ, бо тарзи гурӯҳӣ баргузор гардида, саволҳо пешниҳод карда шуданд.

Иштирокчиёни викторина паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти нависанда, аз ҷумла мазмуну муҳтавои асарҳо, ғояҳои ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва арзишҳои ахлоқиро ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ таҳлил намуданд.

Дар рафти викторина саволҳо оид ба давраҳои ҳаёти нависанда, асарҳои машҳури ӯ ва саҳми ӯ дар рушди адабиёти тоҷик пешниҳод гардиданд. Донишҷӯён бо шавқу рағбат иштирок намуда, дониши худро ғанӣ гардониданд.

Дилафрӯз Саидова

Мудири кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода.Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.