ЗАНОН — ТАҲКИМБАХШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА НЕРУИ ПЕШГИРИКУНАНДА АЗ МАВОДИ НАШЪАОВАР

0 2

Санаи 13.03.2026 дар доираи барномаи таълимӣ ва нақша-чорабиниҳои шуъбаи тарбия ҷиҳати татбиқи “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030” аз ҷониби кафедраи “Забони хориҷи”-и МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Занон — таҳкимбахши худшиносии миллӣ ва субъекти пешгирикунанда аз маводи нашъаовар” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб Бердиев Оқилҷон, сармутахассиси шуъбаи илмӣ-методӣ Каримзода Басонат, мутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот Асоева Бунафша, мудири кафедраи “Забони англисӣ” Ҳакимзода Манзура ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро мудири кафедра Ҳакимзода Манзура ифтитоҳ бахшида, дар баромади худ таъкид намуданд, ки занон ҳамчун неруи асосии ҷомеа дар таҳким ва рушди худшиносии миллӣ нақши калидӣ доранд. Зикр гардид, ки зани тоҷик имрӯз дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, маориф, тандурустӣ ва қонунгузорӣ фаъолияти пурсамар дошта, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.

Сипас, омӯзгори кафедра Симои Ҳотамбек дар мавзӯи “Муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ” баромад намуда, аҳамияти тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар миёни ҷавонон таъкид карданд. Қайд гардид, ки норасоии маърифати таърихию миллӣ метавонад боиси шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои номатлуб, аз ҷумла нашъамандӣ гардад.

Ҳамчунин, директори маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ Бердиев Оқилҷон дар мавзӯи “Пешгирии паҳншавии нашъамандӣ” баромад намуда, омилҳои асосии рӯ овардани ҷавонон ба маводи нашъаоварро шарҳ доданд. Аз ҷумла, вазъи нохуби иҷтимоӣ, мушкилоти оилавӣ ва таъсири муҳити нодуруст аз сабабҳои асосӣ номбар шуданд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҷавонон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва роҳнамоӣ ба зиндагии солим метавонад дар пешгирии ин падидаи номатлуб мусоидат намояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ мутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот Асоева Бунафша баромад намуда, аҳамияти чунин чорабиниҳоро дар тарбияи насли ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Конференсия дар фазои илмӣ ва мубодилаи афкор баргузор гардида, иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаҳои судманд баён намуданд.

Манзура Ҳакимова

Мудири кафедраи «Забони хориҷи»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.