ҲАМДУ САНО БА ЗАН -МОДАР

0 0

Санаи 11 марти соли 2026 дар утоқи кафедраи «Акушерӣ ва гинекологӣ»-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» бо ташаббуси омӯзгор Файзалиева Навишта ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дарси намунавии тарбиявӣ таҳти унвони «Модар – фариштаи рӯи замин» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Абдураҳмонов К., ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Малоҳати Қ., мутахассиси шуъбаи тарбия Мирзоева Д., мудири кафедраи «Акушерӣ ва гинекологӣ» Сатторзода С.С. ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Дар рафти дарс донишҷӯён дар васфи зан – модар шеърҳо ва матнҳои пурмазмун қироат намуда, аз ҷойгоҳ ва нақши бузурги модар дар тарбияи инсон ва рушди ҷомеа ёдовар гардиданд.

Чорабинӣ ба як маҳфили пурмуҳтавои маънавӣ табдил ёфта, дар он эҳтиром ва қадршиносии зан – модар ҳамчун офарандаи ҳаёт дар рӯи замин ситоиш гардид.

Дар анҷом Абдураҳмонов К. дарси тарбиявиро ҷамъбаст намуда, онро дар сатҳи баланд арзёбӣ кард.

Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба волидон, бахусус модар, дар байни ҷавонон аҳамияти бузург доранд.

Сатторзода С.С.

Мудири кафедраи «Акушерӣ ва гинекологӣ»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.