Бояд қайд кард, ки ҷашни Наврӯз аз пайдоиш то имрӯз марҳилаҳои гуногун ва баъзан вазнини таърихиро тай кардааст. Новобаста аз мушкилиҳо ва монеаҳои зиёд, Наврӯз мақом ва нуфузи худро ҳамчун ҷашни миллӣ нигоҳ дошт. Агар ба таърихи гузашта назар афканем, мебинем, ки мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз аз замони шоҳ Ҷамшед оғоз шуда, дар давраҳои Ҳахоманишиён, Сосониён ва баъдан дар замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардид.
Дар ҳақиқат, дар тӯли таърих мушкилоту монеаҳои зиёде вуҷуд доштанд, ки ба ин ҷашни миллии тоҷикон таъсир расониданд. На танҳо Наврӯз, балки бисёре аз суннату оинҳо, расму русум ва ҷашнҳои миллии мо, ки аз ниёгон ба мо мерос мондаанд, дар баъзе давраҳо қисман манъ гардида ё ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд.
Яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар садаи XXI — ин ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бо шарофати истиқлолият суннату оинҳо ва ҷашнҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карданд.
«Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон ҷашнҳои таърихӣ ва миллии тоҷикон мебошанд ва бо суннату оинҳои созандаашон дар тамаддуни башарӣ нақши арзишманд гузоштаанд».