КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ -АДАБӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР»

0 1

Санаи 6-уми марти соли 2026 дар МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» чорабинии илмӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар – сарчашмаи ҳаёт» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ҷонишини директор оид ба тарбия Малоҳати Қурбон, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Набиева Нодира, инчунин сардори шуъбаи методӣ Абдураҳмонов иштирок намуданд.

Чорабиниро ҷонишини директор оид ба тарбия Малоҳати Қурбон ҳусни оғоз бахшида, омӯзгорону донишҷӯён ва аҳли нишастро бо ҷашни фархундаи бонувон — Рӯзи Модар табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, умри дарози бобаракат, дар кору фаъолияташон бурдбориву комгорӣ орзу намуданд. Ҳамчунин иброз доштанд, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили Рӯзи Модар дар кишвари мо гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеа мебошад.

Сипас саҳми арзандаи занон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, аз ҷумла дар соҳаи таълиму тарбияи кишвар, қайд гардида, аз суханони Пешвои миллат ёдоварӣ карда шуд:

«Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад ва бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд».

Зикр гардид, ки модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз намуда, аввалин омӯзгори ӯ ба ҳисоб меравад ва барои оромиву осудагӣ, инчунин устувории оила, ҷомеа ва давлат пайваста талош меварзад.

Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Саидова Дилафруз бо маъруза дар мавзуи «Баланд бардоштани ҷойгоҳи занон дар даврони Истиқлолият» баромад намуда, доир ба мақому манзалати бонувон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаҳои худро баён намуданд. Қайд гардид, ки дар давраҳои пеш аз соҳибистиқлолии кишвар, махсусан дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст, шумораи занони хонашин ва аз таҳсил дурмонда зиёд буд. Занону духтарон имконияти фаъолона иштирок намудан дар корҳои давлатӣ ва иҷтимоиро надоштанд. Хушбахтона, бо ташаббусҳои хирадмандонаи роҳбарияти давлат, бахусус Эмомалӣ Раҳмон, шумораи занону духтарони соҳибилму соҳибкасб рӯз ба рӯз афзуда истодааст.

Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ омӯзгорони кафедра — Гулбаҳори Соҳибназар дар мавзуи «Модар аз фариштаҳо ҳам фариштатар аст» ва Зайдуллоева Шаҳноза дар мавзуи «Нақши модар дар тарбияи фарзанд» бо маърузаҳои илмии худ баромад намуданд.

Дар идома донишҷӯён шеърҳо, суханрониҳо ва баромадҳои ҳунариро пешкаш намуданд, ки ҳамагӣ ба бузургдошти Модар бахшида шуда буданд.

Дилафрӯз Саидова

Мудири кафедраи «Забон ва адабиёти тоҷик»-и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.