ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ЭҲЁГАРИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУНИ ТОҶИК

0 12

Бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик аз пайомадҳои манфии ҷаҳони муосир, инчунин худдорӣ аз тақлид ба фарҳанги бегона, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» то таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳафтаи «Арҷгузорӣ ба либоси миллӣ — эҳтиром ба Ватан» эълон гардидааст.

Мақсади баргузории аксияи мазкур эҳёи либоси миллӣ мебошад, ки яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебопарастӣ ва ифтихори миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад.

Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагони мост, ки аз давраҳои қадим то ба имрӯз зебоӣ, назокат ва нафисии худро гум накардааст. Ба ин хотир, дар байни маъмурият омӯзгорони ва донишҷӯёни муассиса аксия таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ оид ба зебоӣ ва аҳамияти пӯшидани либоси миллӣ таъкид намудаанд.

Қобили зикр аст, ки эҳтиром ба либоси миллӣ аз анъанаҳои неки аҷдодони тоҷикон маҳсуб ёфта, атласу адрас ва чакан аз ҷумлаи намунаҳои зебои мероси фарҳангии ниёгони мо ба ҳисоб мераванд. Ҳар як зани тоҷик бо пӯшидани либоси миллӣ пайки Наврӯзи оламафрӯзро таҷассум менамояд.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.