ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «АҲАМИЯТИ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»

0 0

Имрӯз (03.03.2026) дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи «Аҳамияти таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази Наврӯзи байналмилалӣ» дар гурӯҳи 102, ихтисоси Кори ҳамширагӣ (синфӣ 9), аз ҷониби омӯзгори кафедраи забони русӣ Қурбонова Мавлуда, ки сарпарастии ин гурӯҳро бар уҳда дорад, баргузор гардид.

Дар дарси кушоди тарбиявӣ сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Абдураҳмонов Карим, раиси Шӯрои роҳбарони гурӯҳҳои таълимӣ Аламхонова Санавбар, сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот Набиева Нодира, мудири кафедраи мазкур Қурбоналиева Лайлӣ, инчунин омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории ин дарс ва интихоби мавзӯъ — тарбияи дурусти насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ, инчунин саҳмгузории онҳо дар ободии Ватан мебошад.

Омӯзгор Қурбонова Мавлуда зимни баромади худ қайд намуд, ки таъсиси Маркази байналмилалии Наврӯз қадами муҳим дар роҳи ташаккули фазои илмӣ-фарҳангии миллӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин иқдом ба ҳамгироии илм, фарҳанг, сиёсати давлатӣ ва манфиатҳои стратегии кишвар мусоидат намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун вориси тамаддуни куҳан ва иштирокчии фаъоли муколамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Маркази байналмилалии Наврӯз имконият фароҳам месозад, ки Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни тақвимӣ, балки ҳамчун бренди фарҳангӣ ва сайёҳии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардад.

Дар ҷараёни дарс донишҷӯён дар васфи Наврӯзи Аҷам маърузаҳо пешниҳод намуда, шеърҳо қироат карданд. Ҳамчунин, аз ҷониби донишҷӯён оид ба оғози фасли баҳор саҳначаи тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд. Иштирокчиён бо маҳорати баланд гулбазмҳои наврӯзиро манзур намуда, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд.

Дар маҷмӯъ, омӯзгор ва донишҷӯён дар ин дарси кушоди тарбиявӣ сатҳи баланди омодагӣ ва маҳорати ташкилотчигӣ нишон доданд. Аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба дарс баҳои баланд дода шуд.

Соати тарбиявии мазкур дар дили хонандагон эҳсоси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои ниёгон ва муносибати инсондӯстонаро тақвият бахшид.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.