БА 20 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ ФАЪОЛ ВА ЯТИМОНИ КУЛИ МУАССИСА СТИПЕНДИЯИ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА Р.А. ТАҚДИМ КАРДА ШУД

0 5

Санаи 3 феврали соли ҷорӣ дар дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» чорабинии тақдими стипендияи ба номи Раҳмонзода Р.А. ба донишҷӯёни фаъол баргузор гардид. Боиси тазаккур аст, ки соли панҷум аст стипендияи мазкур аз ҷониби яке аз фарзандони олим Раҳмонзода Бузургмеҳр Раҳматулло ба донишҷӯёне, ки давоми соли таҳсил бо баҳои аъло таҳсил намудаанд, дар озмунҳо ва чорабиниҳои тарбиявӣ ва варзишии сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол намуда, ба дастовардҳо назаррас ноил гардидаанд тақдим карда мешавад. Дар ин сол низ ҳаҷми стипендияи номӣ 20 000 (бист ҳазор) сомониро ташкил дод ва он ба 20 нафар донишҷӯёни фаъол ва ятимони кул бо маблағи 1000 сомонӣ тақдим карда шуд.

Зимни вохӯрӣ Бузургмеҳр Раҳмонзода донишҷӯёни бо стипендия сазовор гаштаро табрик гуфта, аз онҳо таъкид намуд, ки аз шароитҳои имрӯзаи дар коллеҷ мавҷудбуда, ки натиҷаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад истифода намуда, боз ҳам дар таҳсил фаъолтар бошанд ва мутахассиси хуб гашта, дар оянда дар нигаҳдории солимии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.

Аҳли роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ ба Раҳмонзода Бузургмеҳр Раҳматулло барои ҳамкорӣ ва дастгирии донишҷӯёни фаъол изҳори сипос менамоянд.

РАЁСАТИ КОЛЛЕҶ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.