Дар чорабинӣ мудири шуъбаи илми методӣ Абдураҳмонов Карим, мудири кафедра Шарипова Камилла ва як қатор омӯзгорони кафедраҳои гуногун фаъолона иштирок карданд.
Чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии омӯзгори кафедраи «Анатомия ва физиология» Ятимова Меҳринисо оғоз ёфта, таъкид гардид, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат хизмат менамояд.
Донишҷуёни факултети «Кори табобатӣ» низ фаъолона дар чорабинӣ ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани маърифати ҳарбӣ ва арҷгузорӣ ба нақши Артиши миллӣ дар ҳифзи истиқлол ва амнияти давлат буд.
Комила Шарипова
Мудири кафедраи «Анатомия ва Физиология»- и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»